Ссылки доступа

Сарвазири пешини Қазоқистон айбномаи додгоҳро рад кард


Сарвазири пешини Қазоқистон Серик Ахметов, ки ба сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ муттаҳам мешавад, айбномаи додгоҳро рад кард.

Вай изҳор дошт, манфиатҳои ширкатеро, ки бародараш мудир ва фарзандаш ҳаммуассиси онанд, пуштибонӣ накардааст. Зеро, ба гуфтаи сарвазири собиқ, пуштибонӣ аз ширкате, ки муваффақ аст, маънӣ надорад. Ахметов гуфт, бародар ва фарзандаш то соли 2012 ҳаммуассиси ширкат набуданд, тавре ки ҷониби айбдоркунанда даъво дорад.

Вай ҳамчунин робитааш бо сохтмони маҷмуаи нақлиётиву боррасонии Қарағандаро рад кард.

Вакилони дифои Ахметов ва муттаҳамони дигари ин парванда аз додгоҳ хостанд, мурофиаи навбатиро рӯзи 3 декабр таъйин кунад, то онҳо ба ҳимояи худ омода шаванд.

XS
SM
MD
LG