Ссылки доступа

Дар шимоли Сурия корвони кумаки башарии Туркия ҳадафи ҳамла қарор гирифт


Созмони ҳомии ҳуқуқи Туркия - Humanitarian Relief Foundation (IHH) аз зарбаҳои ҳавоӣ ба корвони мошинҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона дар шимоли Сурия, дар наздикии сарҳади Туркия хабар медиҳад.

Корвони кумакҳо ба самти урдугоҳи гурезаҳои Сурия, ки дар наздикии шаҳри Озаз паноҳ бурдаанд, ҳаракат мекард.

Ин хабарро созмони туркӣ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер нашр кард. Дар аксҳо дида мешавад, ки сухторнишонҳо мошинҳои оташгирифтаро хомӯш мекунанд. Ҳанӯз масъулияти ин ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, оҷонсии хабарии Туркия Anadolu менависад, ки ҳамлаҳои ҳавоиро ҳавопаймоҳои Русия анҷом додаанд. Бино бар иттилои оҷонсӣ, ин ҳамлаҳо 7 кушта ва на камтар аз 10 захмӣ ба ҷой гузоштаанд. Ҳамчунин 20 мошини боркаш тахриб шудааст.

Нашрияи Hurriyet менависад, ҳамла ба корвон кори неруҳои ҳавоии Сурия низ буда метавонад.

XS
SM
MD
LG