Ссылки доступа

Боздошти як зани ӯзбек дар Шарҷа барои нашри аксҳои урён


Дар шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб шаҳрванди Ӯзбекистонро барои паҳн кардани аксҳои урёнаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳабс карданд. Шаҳрванди 35-солаи хориҷиро шӯъбаи махсуси пулис, ки шабакаҳои иҷтимоиро назорат мекунад, боздошт кардааст.

Ба ин шаҳрванди Ӯзбекистон барои нашри аксҳои нимбараҳна ҷаримаи калон ё барои чанд моҳи ҳабс таҳдид мекунад, хабар медиҳад Khaleej Times.

Тибқи иттилои нашрия, шаҳрванди хориҷӣ, ки дар Аморати арабӣ ба сар мебарад, аксҳои урён ва нимаурёни худро дар Instagram ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст. Вай дар ин шабакаҳо дар маҷмуъ 150 ҳазор мухлис доштааст.

Вай ба пулис иқрор кардааст, ки ҳамарӯза аксҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорад.

Ин шаҳрванди Ӯзбекистон гуфтааст, хабар надошт, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб нашри чунин аксҳо дар интернет мамнуъ аст.

XS
SM
MD
LG