Ссылки доступа

Наздикони Умаралиро аз хонаи иҷора дар Петербург берун карданд


Мақомоти Санкт-Петербург падар ва бибии Умаралӣ Назаров - кӯдаки панҷмоҳаи муҳоҷирони тоҷикро, ки моҳи октябр дар Санкт-Петербург дар шароити норӯшан ҷон бохта буд, аз хонаи иҷора ихроҷ кардаанд.

Меҳриниссо Назарова, бибии Умаралӣ гуфт, ки онҳо дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ хонаеро иҷора гирифта буданд, аммо нафароне, ки худро намояндагони додситонӣ муаррифӣ карданд, гуфтаанд, ки ин бино барои истиқомат мувофиқ нест ва дастури тарки биноро доданд.

Ин зан зикр кард, ки ҳоло дар хонаи иҷораи хешовандонашон зиндагӣ мекунад.

Тифли панҷмоҳаи муҳоҷирони тоҷик Рустам Назаров ва Зарина Юнусова -- Умаралӣ Назаров шаби 14 октябр дар шароити норӯшан дар бемористон ҷон бохт. Чанд соат қабл аз ин ҳодиса маъмурони пулис ӯро маҷбурӣ аз модараш ҷудо карданд.

Рустам Назаров, падари кӯдак ва бародари ноболиғаш Далер ва ҳамчунин бибии кӯдак Меҳриниссо Назарова дар Санкт-Петербург ба унвони шоҳидон дар таҳқиқи шароити фавти кӯдак боқӣ мондаанд.

XS
SM
MD
LG