Ссылки доступа

Вазнбардорони Қазоқистон дар ИМА соҳиби се медал шуданд


Kazakhstan/Almaty - Kazakh Zhazira Zhapparkul at the Weightlifting World Championship. 14Nov2014

Kazakhstan/Almaty - Kazakh Zhazira Zhapparkul at the Weightlifting World Championship. 14Nov2014

Алмас Утешов, ки дар вазни то 94 килограмм ҳунарнамоӣ мекунад, соҳиби нишони нуқрагӣ шуда, дар маҷмӯъ 402 килограмм вазнро бардоштааст. Жасулан Кидирбаев, қазоқистонии дигар дар ин вазн соҳиби нишони биринҷӣ шуд, ки дар маҷмӯъ 399 килограмм вазнро бардошт. Вазнбардори белорусӣ Вадим Стрелтсов, ки 405 килограмм вазнро бардошт, соҳиби нишони тилло шуд.

Жазира Жаппаркул, зани қазоқистонӣ дар вазни то 69 килограмм соҳиби медали нуқра шуд. Дар маҷмӯъ дар вазнбардорӣ дар ду намуд вай 256 килограммро бардоштааст. Сян Янмэйи чинӣ дар ин гурӯҳи вазнбардорон ҷойи аввалро гирифт (263 килограмм) ва ҷойи севвум насиби Анастасия Романова аз Русия шуд, ки дар маҷмӯъ 253 килограмм вазнро бардошт.

Пештар дар вазни то 77 килограмм дар миёни мардҳо варзишагри озарбойҷонии тими Қазоқистон Наҷот Раҳимов нишони тиллоро ба даст овард.

XS
SM
MD
LG