Ссылки доступа

Владимир Путин таҳримҳои зидди Туркияро имзо кард


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин фармони тарҳримҳои зиддитуркиро имзо кард.

Аз 1 январи соли 2016 низоми рафтуомади бераводид байни Русия ва Туркия қатъ шуда, ҳамчунин маҳдудият ё манъи комили воридоти бархе аз маҳсулот аз Туркия ба Русия ҷорӣ мешавад. Манъи ҷалби коргарон аз Туркия аз 1 январ ва маҳдуд сохтани фаъолияти созмонҳои туркӣ дар Русия дар назар гирифта шудаанд.

Ба ҳукумат дастур дода шудааст, ки барои манъи парвозҳои чартерӣ ё рафтубозгаштии ҳавопаймоҳо миёни Русия ва Туркия чораҷӯӣ ва назорати кори боркашониҳои автомобилии туркиро дар ҳавзаи баҳрҳои Азов ва Сиёҳ пурзӯр кунад. Ба ширкатҳои сайёҳии Русия дастур шудааст аз фаъолият дар Туркия худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG