Ссылки доступа

Зарбаҳои ҳавоии Русия дар Сурия ба марги 18 нафар боис шуд


Аз зарбаҳои ҳавоии нерӯҳои Русия ба шаҳри Ариҳа дар шимоли Сурия дастикам 18 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Дар маркази ин шаҳр, ки таҳти назорати ошӯбгарон қарор дорад, чанд манзил вайрон гардид. Дар ин бора Маркази суриягии назорат бар ҳуқуқи инсон, ки дар Бритониё мустақар аст, хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, зарбаҳои ҳавоӣ субҳи рӯзи якшанбе рух додаанд. Фаъолон аз кумитаҳои маҳаллии ҳамоҳангсозӣ хабар додаанд, ки мушакҳо ба қаламрави бозори серодам бархӯрдаанд.

Дар сафҳаи гурӯҳи Ariha Today дар Фейсбук хабар дода мешавад, ки шаҳр мавриди бомбаборони ҳавопаймоҳои низомии Русия қарор гирифтааст. Ба иттилои ин гурӯҳ, 40 нафар дар ин бомбазаниҳо кушта ва 70 нафар захмӣ шудаанд.

Ба иттилои фаъолони суриягӣ, аз оғози амалиёти низомиву ҳавоии Москва дар Сурия дар таърихи 30 сентябр шумораи зиёди мардум кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG