Ссылки доступа

Ҳамла ба исломшиноси қирғиз сӯиқасд шумурда шуд


Мақомоти Қирғизистон иттиҳоми ҳамла ба исломшинос Қодир Маликовро аз «авбошӣ» ба «сӯйиқасд» иваз карданд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон моддаи парвандаи ҷиноӣ дар мавриди ҳамла ба исломшинос Қодир Маликовро иваз карда, гумонбаронро мавриди ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор дод, хабар медиҳад маркази матбуотии ин вазоратхона.

Ба иттилои ВКД нахуст парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи 234 («Авбошӣ») боз шуда буд, аммо баъд аз оғози таҳқиқ ва мушаххас кардани гумонбарон, парвандаи ҷиноӣ ба моддаи 28-294-и Қонуни ҷиноӣ (“Сӯйиқасд ба ҷони ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ”) иваз карда шудааст.

Қодир Маликов 26 ноябр дар назди манзилаш дар як даргирӣ аз чанд зарбаи корд маҷрӯҳ ва истарӣ шуд. Вай раҳбари маркази таҳлилии “Дин, ҳуқуқ ва сиёсат” буда, коршиноси масоили исломӣ мебошад. Вай аз такфириҳо ва ифротгароёни динӣ интиқод карда, дар ин замина ибрози назар мекунад.

Худи Қодир Маликов хабар дод, ки ҳамлагарон бо нидоҳои «Оллоҳ Акбар» бо мақсади куштанаш ба ӯ дарафтодаанд.

XS
SM
MD
LG