Ссылки доступа

Филмсози машҳур Элдар Рязанов дар Москва даргузашт


Дар Москва коргардони филм Элдар Рязанов дар синни 89-солагӣ даргузашт. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС пайвандони коргардон иттилоъ додаанд.

Дар солҳои охир Рязанов аз бемории сангин ранҷ мебурд. Вай 21 ноябр дар беморхона бистарӣ шуд.

Элдар Рязанов – артисти халқии СССР аст, ки бештар аз 30 филм офаридааст. Миёни ин филмҳо мазҳакаҳои фоҷиаомез мисли "Карнавальная ночь", "Берегись автомобиля", "Ирония судьбы, или С легким паром!", "Служебный роман", "Вокзал для двоих" аз машҳуртаринҳо ҳастанд.

XS
SM
MD
LG