Ссылки доступа

Обама хотираи қурбониёни ҳамлаҳои Порисро гиромӣ дошт


Чанд соат қабл аз кушоиши расмии конфронси СММ оид ба тағйири иқлим дар Порис, президенти ИМА Барак Обама хотираи қурбониёни ҳамлаҳои ахири пойтахти Фаронсаро гиромӣ дошт.

Барак Обама, президенти Фаронса Франсуи Олланд ва раиси шаҳри Порис Анн Идалго дар назди толори консертии “Батаклан”, ки 13 ноябр дар натиҷаи ҳамлаи террористи маргталаб ва силоҳбадастон дар он ҷо 90 нафар кушта шуданд, гул гузоштанд. Дар фазои Порис чархболҳо дар гардиш шуда, пулис ҳаракат дар кӯчаҳоеро, ки ҳамла сурат гирифт, манъ карда буд. Дар Фаронса баъди фоҷиаи охир вазъи фавқулода эълон шудааст.

Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо низ ҳамроҳ бо ҳамтои фаронсавии худ Мануэл Валс 30 ноябр “Баталкан”-ро зиёрат кард.

XS
SM
MD
LG