Ссылки доступа

Назарбоев: Қазоқистон ба ислоҳоти густарда ниёз дорад


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки замони нархҳои баланди маҳсулоти содиротии Қазоқистон гузаштааст ва кишвар бояд "ба ҳамёнаш нигоҳ карда" зиндагӣ кунад.

Вай зикр кард, ки дар соли ҷорӣ Қазоқистон бояд барномаи фаъолияти худро дар шароити "воқеияти нави ҷаҳонӣ" муаррифӣ кунад.

Назарбоев дар паёми солонаи худ зикр кард, ки харҷҳо бояд камтар ва имкони афзоиши воридот ба будҷа, ки "дар як соли ахир 20 дарсад коҳиш ёфтааст", баррасӣ шавад. Ба эътиқоди Назарбоев, ҳоло ҳукумат бояд сиёсати андозбандиро шаффофтар ва барномаи нави хусусигардониро таҳия кунад. Раиси ҷумҳури Қазоқистон ҳамчунин таъкид кард, ки Бонки миллӣ бояд барои эҳёи боварӣ ба танга талош кунад.

Назарбоев изҳор дошт, ки ҳоло ба Қазоқистон рушд, ислоҳот ва пешрафт заруранд. Ба эътиқоди Назарбоев, ислоҳоте, ки ҳоло бояд анҷом дода шаванд, ба гунаи ислоҳоте хоҳнд буд, ки даҳаи 1990 сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG