Ссылки доступа

Тоҷикистон ду "военком"-и Сурияро ба Қирғизистон истирдод кард


Тоҷикистон ба Қирғизистон ду шаҳрванди ин кишварро истирдод кард, ки ба ҷалби ҷиҳодиён барои ширкат дар ҷангҳои Сурия гумонбар дониста мешаванд.

Дар ин бора 30 ноябр маркази матбуотии Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод.

Ду шаҳрванди Қирғизистон - Жаҳонгир Курмишев ва Канибек Мийманов, ки ба гумони таблиғи шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ба ширкат дар ҷангҳои Сурия дар Тоҷикистон боздошт шудаанд, 29 ноябр ба ватанашон истирдод шудаанд. Имкони бозгашти онҳо ба ватан дар пайи амалҳои муштараки додситониҳои кулли ду кишвар имконпазир шудааст.

Крумишев ва Мийманов аз сӯйи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ба гумони ҷалби чаҳор тоҷикдухтар барои ширкат дар ҷангҳои Сурия боздошт шудаанд.

Ба иттилои ВКД Тоҷикистон, онҳо қасд доштанд, шаҳрвандони тоҷикро аз марз гузаронида, ба Бишкек баранд ва бо ҳуҷҷатҳои қалбақӣ бо ҳавопаймо аз фурудгоҳи Манас барои ширкат дар даргириҳои низомӣ дар Сурия, ба Туркия интиқол диҳанд.

XS
SM
MD
LG