Ссылки доступа

Дар Қирғизистон омодагии марзбононро ба ҳолатҳои тезутунд месанҷанд


Аз 1 то 4 декабр дар ҳамаи сохторҳои Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон санҷиши омодагии ҳарбӣ баргузор мешавад. Дар ин бора дар маркази матбуоти хадамоти мазкур иттилоъ доданд.

Бо фармони “Бонги хатар” ҳамаи ҳайати шахсии хадамоти марзбонии Қирғизистон дар саросари марз ба по мехезанд.

Дар рафти машқи умумӣ ва фарогир омодагии марзбонон ба иҷрои вазифаҳо дар ҳолати муташанниҷ шудани вазъ дар марз озмуда мешавад.

XS
SM
MD
LG