Ссылки доступа

Бунёди нахустин мактаби тоҷикӣ дар қитъаи баҳсбарангез бо Ӯзбекистон


Дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Спитамени Тоҷикистон, дар наздикии марз бо вилояти Бекободи Ӯзбекистон соли оянда нахустин мактаби тоҷикӣ кушода мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар ин макон танҳо як мактаби ӯзбекзабон фаъолият мекунад. Дарсҳо дар ин мактаб тибқи барномаи таълимии Ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст.

Мактаби нав барои 480 хонанда бунёд хоҳад шуд, ки хонандагон бо забони тоҷикӣ ва дар ду баст таҳсил хоҳанд кард.

Сарбанд бо аҳолии омехтаи тоҷику ӯзбекаш ҳадафи баҳси Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор гирифтааст. Дар соли 1990, баъди мустақил шудани кишварҳои мазкур, Ӯзбекистон нерӯгоҳи Фарҳод ва минтақаҳои аҳолинишини наздики онро зери назорат гирифта, гузаргоҳҳои марзӣ гузошт. Дар соли 2002 Тоҷикистон ин минтақаҳоро баргардонд. Аз он замон то кунун ин минтақа амалан ба Тоҷикистон ва шартан ба Ӯзбекистон итоат мекунад.

Обанбор ва сарбанди нерӯгоҳи Фарҳод иншооти стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Ин обанбор садҳо гектар замини Ӯзбекистонро бо об ва саноати ин кишварро бо барқ таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG