Ссылки доступа

ИМА нерӯҳои вижаро ба ҷанги зидди "Давлати исломӣ" мефиристад


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нерӯҳои вижаи худро барои кӯмак ба низомиёни ироқӣ ва курдҳои ҷонибдори ҳукумат дар ҷанги зидди гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» мефиристад.

Дар ин бора вазири мудофиаи ИМА Эштон Картер рӯзи сешанбе ба Конгресси Амрико гузориш дод. Ба гуфтаи вай, нерӯҳои махсусе, ки ба Ироқ фиристода мешаванд, бо баргузории рейдҳо барои боздошти роҳбарони ҷангҷӯён, амалиёти озодсозии гаравгонон ва ҷамъоварии маълумоти муҳим машғул хоҳанд гашт.

Шумораи дақиқи нерӯҳои низомиро вазири мудофиаи ИМА ошкор накард. Аммо Эштон Картер афзуд, нерӯҳои фаврӣ ҳангоми зарурат дар амалиётҳои Сурия низ ширкат хоҳанд кард.

Қаблан президенти ИМА Барак Обама изҳор дошта буд, ки “Давлати исломӣ”-ро бояд бо истифода аз нерӯи низомӣ маҳв кард.

XS
SM
MD
LG