Ссылки доступа

Русия номгӯи маҳсулоти мамнуи Туркияро нашр кард


Ҳукумати Русия номгӯи маҳсулоти туркиеро нашр кард, ки пас аз 1 январи соли 2016 воридоти онҳо ба Русия манъ хоҳад шуд. Ба ин номгӯ, аз ҷумла, қиёми помидор, пиёз, гулкарам, бодиринг, афлесун, ангур, зардолу, шафтолу, гӯшти мурғ ва мурғи марҷон шомил шудааст.

Аммо ворид кардани ин маҳсулот “барои истифодаи шахсӣ" маҳдуд нашудааст.

Президенти Русия Владимир Путин қарори таҳримҳо зидди Туркияро 28 ноябр имзо кард. Ба ҷуз аз манъи вуруди маҳсулоти туркӣ, сар аз 1 январ рафтуои бидуни раводид байни ду кишвар низ бекор мешавад. Шуруъ аз соли 2016 ширкатҳои русӣ ҳақ нахоҳанд дошт, ки шаҳрвандони Туркияро ба кор гиранд. Мақомоти Русия роҳандозии ин маҳдудиятҳоро “посухе” ба сарнагунии ҳавопаймои низомии русии Су-24 дар минтақаи марзи миёни Туркия ва Сурия аз сӯйи нерӯҳои ҳавоии Туркия меноманд.

XS
SM
MD
LG