Ссылки доступа

Дар таркиши Истамбул як нафар кушта ва чанди дигар захмӣ шудаанд


Дар ноҳияи Байрампошои Истамбул гоми сешанбе таркиши қавӣ рух дод. Тавре телевизиони «ХабарТюрк» иттилоъ медиҳад, як нафар кушта шудааст. Ҳамчунин чанд каси дигар ҷароҳат дидаанд.

Гардиши метро муваққатан қатъ шудааст. Бино бар иттилои пешакӣ, манбаи таркиш дар сандуқи барқ – электротрансформатор ҷойгир будааст. Ҳоло дақиқ нест, ки оё ин таркиш аз хатои фаннӣ дар сандуқи барқ ба амал омад ё аз бомб.

Маҳали Байрампошо ва минтақаҳои наздики вай бе барқ мондаанд.

Бино бар иттилои телевизион, дар маҳали ҳодиса мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва хадамоти сухторнишонӣ гирд омадаанд.

XS
SM
MD
LG