Ссылки доступа

Панҷ соли ҳабс барои байъат бо Абумустафо


Додгоҳ сокини 24-солаи шаҳри Нораки Тоҷикистонро бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи тундгарои «Давлати исломӣ» ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

Тавре дар додгоҳ гуфта шуд, сокини Норак дар моҳи марти имсол дар шаҳри Москва дастгир шудааст. Бино бар иттилои додситонӣ, сокини Норак бо як гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷиён ба воситаи Туркия ба Сурия рафта, ба гуруҳи ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" пайвастааст.

Дар Русия бештар аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 500 шаҳрванди ин кишвар, ки дар сафҳои ҷангҷӯёни ДИ дар Сурия ва Ироқ меҷанганд, дар ҳудуди Русия фирефта шудаанд.

XS
SM
MD
LG