Ссылки доступа

Гирдиҳамоии норозиён дар Ереван зидди ислоҳи қонуни асосӣ (видео)


Мухолифон аз ҷабҳаи наҷоти миллии "Арманистони нав" дар маркази Ереван зидди ислоҳоти қонуни асосии ин кишвар тазоҳурот барпо карданд.

Ҷабҳаи наҷоти миллии "Арманистони нав" эълом дошт, ки аз 1 декабр тазоҳуроти бетанаффуси тарафдорони худро барпо мекунад, то пеши роҳи ислоҳи қонуни асосии Арманистонро гирад. Дар гирдиҳамоии он чандин ҳазор нафар ширкат доранд.

Қарор аст, рӯзи 6 декабр дар Арманистон барои ислоҳи конститутсия назархоҳии умумӣ баргузор шавад. Дар он пешниҳод шудааст, ки кишвар аз низоми президентӣ даст кашида, салоҳияти сарвазир бештар карда шавад.

Мухолифон мегӯянд, ки раисиҷумҳур Серж Саргсян, ки дигар наметавонад, номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ бошад, мехоҳад роҳи тақвияти мақоми сарвазир ва гузаштан ба ин вазифа ҳокимияташро нигоҳ дорад.

«Նոր Հայաստանի» երթը Երևանի կենտրոնում
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:22 0:00

XS
SM
MD
LG