Ссылки доступа

Черногорияро ба сафҳои НАТО даъват карданд


Дар Брюссел вазирони корҳои хориҷии кишварҳои НАТО гуфтугӯи узвияти Черногорияро дар Паймони Атлантики Шимолӣ оғоз карданд. Дар ин бора рӯзи 2 декабр дабири НАТО Йенс Столтенберг хабар дод.

“Мо Черногорияро табрик мегӯем. Ин оғози иттиҳоди ҷолибест”, - гуфтааст дабири кулли НАТО.

Черногория, кишваре дар соҳили баҳри Адриатика – наздикии баҳри Миёназамин бо 600 ҳазор аҳолӣ 29-умин узви НАТО хоҳад шуд.

Бори охир НАТО дар соли 2009, замоне, ки Албания ва Хорватия ба ин иттиҳод пайвастанд, густариш ёфта буд.

Русия, ки мухолифи густариши НАТО аст, Черногорияро огоҳ карда буд, ки ҳамроҳшавии ин кишварро ба блоки ҳарбиву сиёсӣ иғво хоҳад шумурд.

XS
SM
MD
LG