Ссылки доступа

Тоҷикистон юанро ба ҷаҳиши доллар муқобил мегузорад


Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо ҳадафи паст кардани шиддати болоравии қурби доллари амрикоӣ дар кишвар 1 миллион юани чиниро вориди муомилот месозад.

Дар ин бора 2 декабр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ин иқдом ба соҳибкороне, ки аз Чин мол ворид мекунанд, имкон медиҳад, то бидуни мушкил пули миллиро ба юани чинӣ иваз кунанд.

Дар моҳи сентбяри имсол Тоҷикистону Чин шартномаеро ба имзо расониданд, ки тибқи он соҳибкорони тоҷик барои ворид кардани моли чинӣ ба кишвар метавонанд бе мамониат сомонии тоҷикиро ба юани чинӣ иваз кунанд. Бар асоси ин шартнома ҷониби Чин вазифадор шудааст, ки дар давоми 3 соли оянда барои Тоҷикистон наздики 3 миллиарду 177 миллион юан – баробар ба 500 миллион доллар ҷудо кунад.

XS
SM
MD
LG