Ссылки доступа

Ба вакили дифоъ эълони ҷузъиёти фавти Умаралиро манъ карданд


Ба вакили дифои волидайни писарбачаи тоҷик Умаралӣ Назаров, ки дар бемористони Петербург фавтида буд, ошкор сохтани ҷузъиёти ин парвандаро манъ карданд.

Вакили дифоъ Юрий Серов мегӯяд, санадеро имзо кард, тибқи он наметавонад ҷузъиёти таҳқиқоти пешакии фавти Умаралӣ Назаровро ифшо кунад.

Парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи «куштор аз беэҳтиётӣ ва хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳои касбӣ» боз шуда буд.

Умаралӣ Назарови панҷмоҳа 13 октябр баъд аз он фавтид, ки пулис ӯро аз модараш ҷудо кард. Модари кӯдак барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия боздошт шуда буд. Баъд аз вокуниши густардаи мардум дар Тоҷикистон ва Русия ба ин қазия эълон шуд, ки кӯдак аз бемории сироятӣ фавтидааст. Аммо падару модари ӯ ин хулосаро рад карданд.

Дар миёнаи моҳи ноябр додгоҳ модари кӯдак Зарина Юнусоваро аз Русия ихроҷ кард ва ӯ дар як ҳавопаймо бо ҷасади Умаралии фавтида ба Душанбе баргашт.

XS
SM
MD
LG