Ссылки доступа

“Ҷосуси Русия”, ки аз ҷониби ДИ қатл шуд, аз Қодиров кумак хоста буд


Муҳаммад Ҳасиев, шаҳрванди Русия, ки дар навори ахири “Давлати исломӣ” қатли эҳтимолияш намоиш дода шуд, дар воқеъ дар Русия зода шуда, зистааст, дар 9-солагиаш ятим мондааст. Вай аз президенти Чеченистон Рамазон Қодиров кумак хоста, вале дарёфт накардааст.

Дар моҳи июли соли 2014 Ҳасиев аз сӯи Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) бо гумони интиқоли маводи мухаддир боздошт шуд. Баъдан ӯ дар ивази озодиаш ҷосуси ФСБ шуд ва ба Сурия сафарбар гардид. Вай мебоист дар бораи ДИ ба Русия маълумот фиристад.

Дар навор Ҳасиев нақл мекунад, ки тавассути Туркия ба ДИ фиристода шудааст. Аз он ҷо ба ФСБ тамос гирфта, дар бораи онҳое, ки нияти пайвастан ба “Давлати исломӣ”-ро доранд ва ҳам дар бораи сокинони Грозний ва Майкоп, ки аллакай дар Сурия ҳастанд, иттилоъ додааст. Бори охир вай дар бораи як донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ иттилоъ додааст, ки моҳи ноябри соли 2014 боздошт ва ба ду соли зиндон маҳкум шуд.

Дар лаҳзаҳои охири навор оғози саҳнаи қатли Хасиев нишон дода мешавад, ки нафаре болои сараш бо корд истодааст ва бо забони русӣ суҳбат мекунад. Ин нафар русҳоро бо ифиҷорҳои нав таҳдид мекунад ва аз модарон даъват менамояд, ки “садди роҳи фарзандонашон шаванд”, то ин ки онҳо низ “ба сарнавишти” Ҳасиев мубтало нагарданд.

XS
SM
MD
LG