Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон номномаи ягонаи ҳатмӣ омода мешавад


Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати ягонаи номҳои миллиеро таҳия мекунад, ки номгузории фарзандон бояд тибқи он сурат гирад.

Ин рӯйхат наздики 5 ҳазор номи тоҷикӣ ва ё номҳои мавриди қабули ҳамагонро дар бар мегирад ва волидайн ҳақ нахоҳанд дошт, ки ба фарзандонашон номи берун аз ин феҳрастро гузоранд.

Қаблан вазорати адлияи Тоҷикистон пешниҳод карда буд ба қонуни қайди ҳолатҳои шаҳрвандӣ тағйирот ворид шавад ва дар номгузорӣ иловаҳои «мулло», «халифа», «тура», «хоҷа», «шайх», «амир» ва ғайра манъ гардад. Вазорат гуфта буд, чунин иловаҳо ба ҷудоиандозӣ дар ҷомеа сабаб мешаванд.

«Рӯйхат номҳои арабиро иҷозат медиҳад, аммо танҳо он номҳое, ки маъмулӣ шудаву дар гузаштаи таърихии мо истифода гардидаанд», - гуфтааст Абдураҳим Зулфониён, як масъули Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон. Вай афзудааст, ин навоварӣ ба ақаллиятҳои миллие, ки дар кишвар ба сар мебаранд, дахл нахоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG