Ссылки доступа

Туркия ва Озарбойҷон бунёди лулаи газро суръат мебахшанд


Сарвазири Туркия Аҳмад Довудуғлу изҳор дошт, ки Анқара ва Боку дар мавриди суръат бахшидани сохтмони лулаи гази Транс-Анатолӣ (TANAP) ба созиш расиданд.

Зимни суханронӣ дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку 3 декабр Довудуғлу гуфт, ҳадафи ду кишвар – пеш аз муҳлат ба анҷом расонидани тарҳест, ки мебояд то соли 2018 бунёд шавад. TANAP пайванди марказии лулаи гази Ҷануб аст, ки аз сӯи Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ мешавад. Аврупо ба хотири коҳиш додани вобастагии худ аз гази Русия ин тарҳро пуштибонӣ мекунад.

Арзиши тахминии ин тарҳ 10 миллиард доллар ва ҳадафи он васл кардани лулаи гази Қафқози Ҷанубист, ки гази Озарбойҷонро ба Гурҷистон ва шарқи Туркия мерасонад ва интиқоли газро ба фосилаи 1850 километр ба сарҳади ғарбии Туркия бо Иттиҳоди Аврупо таъмин мекунад.

Аз он ҷо, тавре интизор меравад, ин хат ба лулаи гази Фароадриатӣ пайваста, газро ба воситаи Албанияву Юнон ба Итолиё хоҳад расонд.

XS
SM
MD
LG