Ссылки доступа

Русия роҳи маҳсулоти туркиро ба Осиёи Марказӣ бастааст


Садҳо мошини боркаш дар гузаргоҳи марзии "Казбек-Ларси Боло" дар сарҳади миёни Русия ва Гурҷистон ҷамъ шудаанд. Ин мошинҳо мебоист ба воситаи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ молу маҳсулот мебурданд.

Аксари мошинҳои бо сабзавоту меваи Туркия озими Қазоқистон ва Қирғизистон буданд. Аммо идораи марзбонии Русия иҷоза надодааст, ки ин мошинҳо аз марз гузаранд. Ба гуфтаи ронандаҳо, роҳи онҳо 26 ноябр ба ин сӯ бастааст.

Ронандаи мошини боркаши қазоқистонӣ Рузимет Аҳмадов изҳори таассуф кард, ки марзбонони рус сабаби манъ карданашонро шарҳ намедиҳанд. Сабри ронандаҳо ба поён мерасад, зеро дар он наздикиҳо наметавонанд барои худ ғизо ёбанд ва барои гарм кардани дохили мошин сӯзишвории гаронбаҳои худро сарф мекунанд.

Маълум нест, марзбонии Русия сабаби манъ кардани мошинҳоро ба ҳукуматҳои Қирғизистон ва Қазоқистон чӣ гуна шарҳ дода бошад. Пештар гуфта мешуд, ки сарвазири Қирғизистон Темур Сариев масъалаи интиқоли лӯбиёи ин кишварро тавассути қаламрави Русия ба Туркия баррасӣ кардааст.

Муносибатҳои Русия ва Туркия баъд аз сарнагунии ҳавопаймои низомии Су-21 аз сӯйи ҳавопаймоҳои туркӣ дар охири моҳи ноябр ба сардӣ гароид. Аммо дар ин замина масъалаи робитаҳои иқтисодии Туркия бо Қирғизистон, Қазоқистон ва Белорус матраҳ нашудааст.

XS
SM
MD
LG