Ссылки доступа

Шаҳрдории Москва ба гирдиҳамоии "Марши ислоҳот" иҷоза надод


Шаҳрдории Москва аризаи мухолифонро барои баргузории “Раҳпаймоӣ барои ислоҳот” дар Рӯзи Қонуни асосӣ - 12 декабр рад кард.

Дар ин бора ба "Интерфакс" яке аз созмондиҳандагони ин иқдом, узви "Кумитаи иқдомоти эътирозӣ", рӯзноманигор Александр Риклин ба нақл аз бахши амнияти минтақавии шаҳрдорӣ хабар додааст.

Дархост барои баргузории раҳпаймоии эътирозӣ аз майдони Пушкин ва гирдиҳамоӣ дар хиёбони Сахаров бо ширкати 30 ҳазор нафар ба шаҳрдорӣ 1 декабр фиристода шудааст.

Ба ташаббускорони гирдиҳамоӣ ҳеҷ шакли дигари анҷоми ин ҳамоиш пешниҳод нашудааст, ки ба гуфтаи Риклин хилофи қонунгузорист. Посухи манфии мақомоти Москва "ҳуқуқҳои констутсионӣ ва шаҳрвандиро" вайрон мекунад, афзуд мухолиф.

Шаҳрдорӣ то ҳол қарори худ ва шикояти мухолифонро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG