Ссылки доступа

Ҷон Керрӣ: баҳси навбатии Сурия дар Ню-Йорк баргузор мешавад


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ хабар дод, ки музокироти нав барои ҳалли буҳрони Сурия моҳи декабр дар Ню-Йорк баргузор мешаванд.

Дар ин бора Ҷон Керрӣ зимни суханронӣ дар ҳамоиши амрикоиву исроилӣ дар Вашингтон баён дошт. Ба гуфтаи Керрӣ, мухолифони суриягӣ вакилони худро барои ин музокирот интихоб карда, омодаанд бо Русия ва Эрон, ки пешниҳоди ҷониби Амрико дар бораи таҷдидро қабул доранд, гуфтугӯ кунанд. Ҳадафи ин марҳилаи гузариш таъсиси ҳукумати фарогир ва тавоно дар зарфи шаш моҳ аст, зикр кард вай.

«Дар ин марҳила бояд тарҳи қонуни асосии нав ва шеваи баргузории интихобот зери назари коршиносони байналмиллалӣ дар тӯли 18 моҳ таҳия шавад», - хабар дод Ҷон Керрӣ.

XS
SM
MD
LG