Ссылки доступа

ДИ масъулияти ҳамлаи Аданро ба зимма гирифт


Гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» масъулияти таркиши Яманро ба ӯҳда гирифт, ки дар он волии Адан Ҷаъфар Муҳаммад Саъд ва шаш муҳофизи вай кушта шуданд.

Ба иттилои идораи амнияти яманӣ, ҳамла ба Саъд субҳи дирӯз замоне сурат гирифтааст, ки вай ба коргоҳаӯ равон буд. Неӯҳои давлатии Яман бо кумаки Арабистони Саудӣ тобистони соли ҷорӣ шаҳри Аданро аз ошӯбгарони шиамазҳаб – ҳусиҳо озод карданд. Ҷангиёни “Давлати исломӣ” ва гурӯҳи “Ал-Қоида дар нимҷазираи араб” барои тақвияти мавқеи худ дар Яман аз буҳрони ин кишвар истифода карданд.

5 декабр дар пайи ҳамлаҳо дар Адан полковники идораи иктишофии низомӣ Ақил Ал-Ходор ва судя Муҳсин Алван, ки ба ҷангиёни “Ал-Қоида” ҳукми додгоҳро содир мекарданд, кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG