Ссылки доступа

Пикет барои Умаралӣ Назаров дар Мюнхени Олмон


Дар назди консулгарии Русия дар Мюнхени Олмон 5 декабр барои ҳимоят аз тифли тоҷик Умаралӣ Назаров, ки 2,5 моҳи пеш дар Санкт-Петербурги Русия фавтид, пикет ё ҳамоиш баргузор шуд.

Ин ҳамоишро духтари доғистонӣ Мадина Муҳаммадова, ки дар Олмон ба сар мебарад, ташкил кардааст. Вай аз мақомоти маҳаллӣ иҷозати расмӣ дарёфт карда, баъдан дӯстонашро тдар Фейсбук ба пикет даъват намуд.

Ширкатдорони пикет изҳор медоранд, ки ҷиноят алайҳи як тифли ноболиғ анҷом шудааст ва гунаҳкорон бояд ҳатман ҷазо дода шаванд.

Шаби 14 октябри имсол Умаралӣ Назарови панҷмоҳа баъди чанд соате, ки аз модараш Зарина Юнусова ҷудо карда шуд, дар шароити асроромез фавтид. Мақомоти Русия сирояти вирусро сабаби марги тифл номиданд. Аммо волидайни тифл мегӯянд, ки фарзандашон беморие надошт. Волидайн ва ҳам фаъолоне, ки аз онҳо ҳимоят мекунанд, аз он нигаронанд, ки гунаҳкорон бе ҷазо мемонанд.

XS
SM
MD
LG