Ссылки доступа

60 миллион доллар барои бахши хусусии Тоҷикистон


Бонки Осиёии Рушд (БОР) марҳилаи аввали барномаи пуштибонии молиро аз ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 60 миллион доллар тасдиқ кард.

Дар ин бора 7 декабр намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе хабар дод. Барнома ислоҳоти кам кардани харҷи соҳибкорӣ, тақвияти ҳифзи тиҷорат ва рушди навовариву ҳосилнокии тиҷоратро дар бар мегирад.

Барнома ба се марҳила тақсим шуда, соли 2019 ба охир мерасад. Бахши аввали пуштибонии молии БОР аз 53,4 миллион доллари кумаки бебозгашт ва 6,6 миллион доллари қарзи имтиёзнок иборат аст.

Тоҷикистон соли 1998 узви БОР шуд ва то кунун ин бонк дар ҳаҷми 1,4 миллиард доллар ба сифати грант ё кумаки бебозгашт ба Тоҷикистон ёрӣ расонидааст.

XS
SM
MD
LG