Ссылки доступа

Дар Москва гулгаште номи Чингиз Айтматовро гирифт


Гулгаште дар ноҳияи Данилови шаҳри Москва - дар пайвандгоҳи кӯчаҳои Люсиновский ва Болшая Серпуховская ба исми нависандаи саршиноси ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов номгузорӣ шуд.

Дар ин бора аз маркази матбуотии Сафорати Қирғизистон дар Русия хабар доданд.

Дар аввали моҳи октябри соли 2015 дар дидор бо намояндагони ҳукумати Москва сафири Қирғизистон Болот Джунусов расман аз мақомоти ин шаҳр дархост карда буд, ки имкони дар пойтахти Русия боз кардани иншооте ба номи Айтматовро баррасӣ кунанд.

Дар охири моҳи октябр шаҳрдории Москва бар асоси тасмими комиссияи байниниҳодии шаҳрӣ қарор кард, ки яке аз гулгаштҳои ин шаҳр ба поси хотираи Айтматов номгузорӣ шавад.

XS
SM
MD
LG