Ссылки доступа

Дар заминларзаи сахти Тоҷикистон як нафар ҷон бохтааст


Дар заминҷунбии шадиди 7 декабр дар Тоҷикистон як нафар ба ҳалокат расидааст. Ин фоҷиа дар роҳи мошингарди Ванҷ-Душанбе рух дода, сангрез мошинро аз роҳ берун кардааст.

Ин заминларза, ки шиддаташ дар маркази он 7,2 дараҷа буд, дар вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба даҳҳо манзилу бино осеб расондааст.

Барои муайян кардани осебҳои заминҷунюӣ комиссияи махсуси давлатӣ созмон ёфта, ба фаъолият шурӯъ кардааст. Дар якуним моҳи ахир ин севвумин зилзилаи шадид аст, ки дар Тоҷикистон ба амал меояд.

XS
SM
MD
LG