Ссылки доступа

Бердимуҳаммадов: Туркманистон бетараф хоҳад монд


Дар Ашқобод ҷаласаи Шӯрои куҳансолон бахшида ба 20-солагии бетарафии Туркманистон баргузор шуд.

Раиси ҷаласа президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зимни суханронии худ изҳор дошт, ки Туркманистон шомили иттиҳодҳо ва блокҳои низомӣ, иттиҳодияҳои байнидавлатии дорои уҳдадориҳои сангин ва ё масъулияти дастаҷамъона нахоҳад шуд; Туркманистон дар ҳудуди худ пойгоҳи низомии кишварҳои хориҷиро ҷойгир нахоҳад кард; Туркманистон ба кишварҳои дигар фишори иқтисодӣ нахоҳад овард ва дар таҳриму муҳосираҳои иқтисодӣ ширкат нахоҳад кард.

Қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ «Дар бораи бетарафии доимии Туркманистон» 12 декабри соли 1995 қабул шудааст.

XS
SM
MD
LG