Ссылки доступа

Қирғизистон шеваи ҷашнгириҳои бузургро дигар мекунад


Ҳукумати Қирғизистон қолаби баргузории ҷашнҳои бузургро бознигарӣ мекунад.

Дар ин бора муовини аввали сарвазири он кишвар Гулмира Кудайбердиева хабар додааст. «Бояд танҳо солгардҳое таҷлимл шаванд, ки барои сокинон ва давлат аҳамияти бузург доранд,» - гуфт муовини сарвазири Қирғизистон дар ҷаласаи ҳукуматӣ.

Ба гуфтаи вай, вазорати фарҳанг, иттилоот ва туризм ва дигар мақомоти давлатӣ барои баргузории ҷаншҳои гуногун вақт ва маблағи зиёд сарф мекунанд.

Кудайбердиева афзуд, дар соли 2016 вазорати фарҳанг таҷлили 75 ҷашну маросимро пешниҳод кардааст. Аммо муовини сарвазир гуфт, ин рӯйхат барои муҳокима ба ҳукумат фиристода шавад ва танҳо ҷашнҳое дар он монанд, ки аҳамияти умумимиллӣ доранд.

Кудайбердиева гуфт, вай 25-солагии Истиқлолияти Қирғизистон, 1000-солагии мутафаккир Юсуфи Балосағунӣ ва 100-солагии ҳаводиси соли 1916-ро дар назар дорад.

XS
SM
MD
LG