Ссылки доступа

Кохи сафед: изҳороти Трамп ӯро аз ҳаққи президентӣ дар ИМА маҳрум мекунад


Изҳороти Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба интихоботи президентии Амрико, дар бораи манъи вуруди мусалмонҳо ба қаламрави ИМА мавриди интиқоди Кохи сафед қарор гирифт.

Сухангӯйи Кохи сафед Ҷош Эрнест мегӯяд, ин гуна пешниҳодҳо ӯро "бадном" ва аз ҳаққи президент шудан маҳрум мекунанд. Эрнест афзуд, тӯли ин моҳҳо маъракаи таблиғоти пешазинтихоботии Трамп “ҷевони чанггирифтаи таърих”-ро юа ёд меорад.

Трамп изҳор дошта буд то замоне, ки мақомот вазъи феълии ИМА-ро дақиқан баррасӣ карда натавонанд, бояд вуруди мусалмонон ба кишвар ба таври қатъӣ манъ шавад. 7 декабр Трамп ин пешниҳодро ба унвони беҳбуди вазъи амниятӣ баъд аз куштори оммавӣ аз сӯйи як ҷуфти мусалмон дар Калифорния кардааст.

XS
SM
MD
LG