Ссылки доступа

Кӯли Сарез ва рӯди Бартанг баъд аз заминларзаи Тоҷикистон (видео)


Дар Тоҷикистон барои омӯзиши вазъи кӯли Сарез баъд аз заминларзаи харобиовар, ки 7 декабр рух дод, гуруҳи корӣ таъсис шуд.

Дар ин бора 8 декабр ба Радиои Озодӣ сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофеаи граждании Тоҷикистон Ориф Нозимов хабар дод.

Ба гуфтаи Нозимов, дар атрофи дарёи Бартанг сангрез дар чанд мавзеъ маҷрои дарёро баста, сатҳи об то 5 см боло рафтааст.

7 декабр соати 12:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон заминларзаи сахте рӯй дод, ки 7,2 дараҷа нерӯ дошт.

Тибқи иттилои охирин, дар пайи ин заминларза ду нафар кушта ва 13 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Мақомот хабар доданд, ки бештар аз 500 манзили зисти сокинон осеб дидааст.

XS
SM
MD
LG