Ссылки доступа

Дар Русия паёмак ё SMS-ҳо зери заррабин мераванд


Дар Русия қонуни назорат бар паёмҳои электронӣ омода мешавад. Аз ин тарҳ рӯзномаи русии “Ведомости” огаҳӣ ёфтааст. Муаллифони лоиҳа ният доранд ба қонунҳои марбута илова ворид карда, фаъолияти паёмакрасонҳои матнӣ ва мултимедиро маҳдуд намоянд.

Дар ҳолати нақзи қонунҳо аз сӯи ширкатҳои мобилӣ сохторҳои таъминкунандаи интернет бояд то бартараф шудани камбудӣ ҳамаи иртиботи онро қатъ кунанд. Ҳамчунин дар лоиҳаи қонун зикр шудааст, ки шахсияти фиристандагони паёмакҳо ҳатман мушаххас шавад.

Низоми табодули паёмак дар бозори ширкатҳои интернетрасони Русия 25% иртиботи интернетиро ташкил медиҳад. Таҳиякунандагони ин хадамот дар хориҷ аз Русия буда, назорати онҳо душвор аст, ба ин хотир давлат мехоҳад роҳҳои маҳдуд кардани фаъолити онҳоро пайдо кунад, гуфтааст корманди аз як ширкати таъминкунандаи интернети Русия ба нашрия.

XS
SM
MD
LG