Тибқи маълумоти оҷонсии Ню-Йорк Soufan Group, ки бо маълумоти иктишофӣ сари кор дорад, ҷангҷӯёни нав асосан аз кишварҳои арабӣ ба ин гурӯҳ пайвастаанд. Дар гузориш зикр шудааст, ки шумори назарраси ҷангҷӯён зодагони кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ба вижа зодагони Чеченистон ва Доғистон, ҳамчунин кишварҳои Осиёи Марказиянд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, наздики 5 ҳазор ҷангҷӯ аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Сурия ва Ироқ ворид шудаанд.