Ссылки доступа

Путин: "қуттии сиёҳ"-и Су-24 бояд дар ҳузури хориҷиён боз шавад


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия қуттии сиёҳи ҳавопаймои низомии русии Су-24, ки моҳи гузашта аз сӯйи Туркия зада шуд, пайдо кардааст ва мехоҳад, барои ошкор сохтани сабтҳои он коршиносони хориҷиро ҷалб намояд.

"Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ин таҷҳизотро накушоед ва ин корро танҳо дар ҳузури коршиносони хориҷӣ анҷом диҳед", - гуфт Путин бо хитоб ба вазири мудофиаи кишвараш Сергей Шойгу.

Баъд аз он, ки нерӯҳои ҳавоии Туркия дар марзи ин кишвар бо Сурия 24 ноябр ҳавопаймои русиро сарнагун кард, Русия нисбати Туркия таҳримҳо роҳандозӣ намуд.

Путин гуфт, ки қуттии сиёҳ метавонад масири парвози ҳавопаймои задашударо мушаххас созад, ки ин масъала мавриди баҳси миёни Анқара ва Москва қарор гирифтааст. Туркия иддао дорад, ки ин ҳавопаймо ба ҳарими ҳавоии кишвар ворид шуда, ҳушдорҳои ботакрорро нодида гирифтааст. Москва бошад пофишорӣ дорад, ки ҳавопаймо дар ҳарими ҳавоии Сурия ҳадаф қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG