Ссылки доступа

Сарвазири собиқ аз толори додгоҳ ба Назарбоев муроҷиат кард


Нахуствазири собиқи Қазоқистон Серик Аҳмадов дар сухани ниҳоии худ дар додгоҳ ба раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев муроҷиат кард.Вай гуфт, ки метавонад ин корро ба худ иҷоза диҳад.

Серик Аҳмадов, ки ба фасод айбдор мешавад ва додситонӣ барои ӯ 12 соли зиндон ва мусодираи молу мулкашро талаб мекунад, Назарбоевро устод ва мураббии худ номида, афзуд, ки ҳанӯз солҳои 1990 Назарбоев дар шахси вай мудири ояндаи муваффақро дида, ба ӯ бовар кардааст.

«Ман сидқан аз Нурсултон Абишевич Назарбоев узр мехоҳам, ки боварии ӯро сазовор нашудам. Агар додгоҳ ва раҳбари кишвари мо ба ман имкон диҳанд, ки ба кор баргардам, ман омодаам тамоми донишу маҳорати худро барои шукуфоии кишвар сарф ва номи некамро барқарор кунам», - гуфт Аҳмадов дар сухани ниҳоии худ дар додгоҳ.

Вай аз додситони айбдоркунанда барои қатъи айбнома дар мавриди ришваи ҳаҷми махсусан калон, ки исбот нашуд, арзи сипос кард ва умедвори ҳукми одиона шуд.

9 декабр дар муҳокимаи ин парванда суханронии ҷонибҳо анҷом ёфт ва чаҳор вакили дифои сарвазири собиқ аз суд хостанд, ки ҳамаи айбномаи зидди Аҳмадов рад шавад. Худи Серик Аҳмадов гуфт, гуноҳе надорад ва қурбонии тӯҳмати бархе аз айбдоршавандаҳои дигар шудааст.

Дар маҷмӯъ дар ин парванда 21 нафар муҳокима мешаванд, ки дар миёни онҳо мақомоти баландпояи шаҳр ва вилояти Қарағанда низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG