Ссылки доступа

Бародари генерал Назарзода баъди се моҳи ошӯб боздошт шуд


​Манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки Ҷамол Назаров аз манзили як сокини ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шудааст.

Ҷамол Назарови 39-сола бародари муовини вазири пешини дифои Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) аст, ки 8 декабр боздошт гардид. Вай яке аз 6 бародари генерал аст, ки баъди ошӯби 4 сентябри имсол дар пайгард қарор дошт.

Қаблан тахмин зада мешуд, ки Ҷамол дар ҳодисаҳои моҳи сентябр кушта шудааст. Бархеҳо мегуфтанд, вай ба Русия фирор кардааст. Аммо дар воқеъ вай то ин замон дар манзили як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, дар наздикии шаҳри Душанбе пинҳон мешуд.

Мақомот мегӯянд, бародари Назарзода ният дошт, дар рӯзҳои наздик ба тафри махфӣ Тоҷикстонро тарк кунад, аммо боздошт шуд.

Пайвандони Абдуҳалим Назарзода боздошти Ҷамолро таъйид карданд, аммо гуфтанд, вай дар СИЗОИ КДАМ нигаҳдорӣ мешавад ва ҳеч касеро барои мулоқот бо ӯ иҷозат надодаанд.

Ба иттилои мақомот, аз 6 бародари Ҳоҷӣ Ҳалим, се нафар ҳангоми гуфтушунид бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит кушта шуда, ҷустуҷӯи ду тани дигари онҳо идома дорад ва сарнавишти аз ҳама хурдӣ, ки солҳои тӯлонист, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, номаълум аст.

XS
SM
MD
LG