Ссылки доступа

Сафири ИМА: Пешрафти Қирғизистон дар ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон


Қирғизистон дар ҳимояи ҳуқуқи занону кӯдакон ба дастовардҳо ноил шудааст. Ин нукта дар муроҷиатномаи сафири ИМА дар Қирғизистон Шейла Гуолтнӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон зикр шудааст.

"Порлумони Қирғизистон соли 2012 ҷазоро барои дуздии арӯс сахттар кард. Ба шарофати ин қонун ҳамасола дар кишвар бонувони камтаре дуздида мешаванду теъдоди камтари занон мавриди хушунат ва таҳқир қарор мегиранд. Иҷрои ин қонун метавонад ба кишварҳои дигар низ ибратомӯз бошад, ки чӣ гуна мешавад, қонунро барои кам кардани хушунат нисбати занон истифода бурд", - гуфтааст сафир.

Вай афзудааст, ки дар тамоми ҷаҳон ҳоло дар ин замина бояд кори зиёде карда шавад.

Гуолтнӣ ҳамчунин талошҳои мусбати маркази бӯҳронии "Сезим"-ро дар ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба хушунат ва бадрафторӣ намуна овард. Ба гуфтаи вай, бештаре аз занон ва кӯдаконе, ки мавриди хушунат ва зӯроварӣ қарор мегиранд, дар маркази "Сезим" кумак ва пуштибонӣ дидаанд.

Сафир зикр кард, ки бо кумаки барномаи Сафорати ИМА занон дар Қирғизистон, бахусус занони деҳот ва ноҳияҳои дурдаст ба сатҳи болотари истиқлолияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ расида, акнун барои ояндаи кишвар саҳми бештар мегузоранд.

XS
SM
MD
LG