Ссылки доступа

Дар Остона боз як иқдом ба пуштибонӣ аз Билолов баргузор шуд (видео)


Сокини Остона Екатерина Зайтсева дирӯз дар Остона дар назди маркази тиҷоратии Capital иқдом ё пикетеро ба танҳоӣ гузаронида, хостори озодии фаъоли шаҳрвандӣ Болатбек Билолов шуд. Билолов бо айби “барангехтани низоъ” ҳабс шудааст.

Ба иттилои хабарнигори Азаттик, ҳангоми пикет ин зан акси бузурги Билоловро дар даст дошт. Аз дохили бинои маркази тиҷоратӣ маъмури пулис баромада, ҳуҷҷатҳои Екатерина Зайтсеваро тафтиш ва аз вай хоҳиш кард, ки ин маҳалро тарк кунад.

Дар ҳафтаи ҷорӣ ин севумин иқдом ба пуштибонӣ аз Билолов аст. Иқдомҳо бо талаби озодии фаъоли шаҳрвандӣ дар Остона ва Уралск низ баргузор шуданд.

Болатбек Билолов 11 ноябр ҳабс шуд. Алайҳи вай бо айбҳои «барангехтани низои иҷтимоӣ ва миллӣ» парванда боз шудааст. Муфаттишон даъво доранд, ки дар шабакаи Интернет матлабҳои баҳсбарангезе ҷой дода шудаанд, ки дар онҳо нишонаҳои «барангехтани низоъ» аз сӯйи Билолов дида мешавад. Фаъоли шаҳрвандӣ Билолов дар Остона чеҳраи саршинос аст, зеро дар додгоҳҳо аз манфиатҳои сокиноне ҳимоя мекард, ки бехона ҳастанд. Вай узви гурӯҳи «Антигептил» низ ҳаст.

Видеои иқдоми Екатерина Зайтсева:

XS
SM
MD
LG