Ссылки доступа

Москва иттиҳоми Туркия дар бораи «поккориҳои қавмӣ»-ро рад кард


Москва иттиҳоми Туркия дар бораи он, ки Русия дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Сурия бар зидди мухолифони режими президент Башор Асад «поккориҳои қавмӣ» анҷом медиҳад, рад кард.

Намояндаи вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова 10 декабр изҳор дошт, ки иттиҳоми Анкара «бепоя ҳастанд».

9 декабр нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу Русияро дар талошҳои анҷом додани «поккориҳои қавмӣ» дар шимоли Туркия айбдор кард. Довудоғлу гуфт, Москва кӯшиш дорад, туркманҳо ва суннимазҳабонро, ки мухолифи режими Башор Асад мебошанд, аз маҳалли зисташон берун созад. Маъмулан ин қавмҳо дар вилояти Латақиё зиндагӣ мекунанд, ки дар он ҷо пойгоҳи ҳавоии низомии Русия низ ҷой гирифта, ихроҷи ин қавмҳо ба хотири таъмини амнияти пойгоҳ анҷом мешавад. Довудоғлу ҳамчунин гуфт, ки зарбаҳои ҳавоии русҳо дар Сурия нерӯи «Давлати исломӣ»-ро тақвият медиҳанд ва зидди мухолифони мӯътадил равона шудаанд.

Муносибатҳои Москва ва Анкара баъд аз саранагун кардани ҳавопаймои низомии русӣ аз сӯйи нерӯҳои ҳавоии Туркия ба якборагӣ бад шуд. Туркия даъво дорад, ки ин ҳавопаймо вориди ҳарими ҳавоии кишвараш шудааст. Як сарнишини ин ҳавопаймо кушта шуд. Баъд аз ин ҳодиса Русия нисбати Туркия таҳримҳои иқтисодӣ роҳандозӣ кард.

XS
SM
MD
LG