Ссылки доступа

Маҳбуси собиқи сиёсии ӯзбек наметавонад шиноснома гирад


Мақомоти Ӯзбекистон ба Мурод Ҷӯраев, маҳбуси сиёсие, ки баъди 21 соли зиндон дар моҳи гузашта озод шуд, шиноснома намедиҳанд.

Иттилоъ дар бораи мушкили дарёфти шиносмаро пайвандони Мурод Ҷӯраев тасдиқ карданд. Ҷӯраеви 63-сола айни ҳол дар шаҳри Мубораки Ӯзбекистон сукунат дорад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, қабл аз раҳо шудан мақомот ба Ҷӯраев шарт гузоштаанд, ки бо рӯзноманигорон суҳбат накунад.

Роҳбари созмони «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» Надежда Отаева хабар медиҳад, ки маҳбуси собиқи сиёсӣ ба табобат эҳтиёҷ дорад. Дар зиндон вай мубталои сил шудааст ва аз дарди гурда ранҷ мебарад, аммо надоштани шиноснома ҳаққи сафари Ҷӯраевро маҳдуд месозад.

Соли 1994 мақомоти Ӯзбекистон Мурод Ҷӯраевро дар созмон додани табаддулоти давлатӣ айбдор карданд. Ҳамон сол вай ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Муҳлати ҳабси Ҷӯраевро се бор дароз карданд, ки вай ниҳоят 21 сол дар зиндон монд. Ҷӯраев моҳи гузашта баъди сафари вазири корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ ба Ӯзбекистон озод шуд.

XS
SM
MD
LG