Ссылки доступа

Парвандаи суқути CRJ-200 дар Алмато ба суд фиристода шуд


Прокуратураи генералии Қазоқистон имрӯз тафтиши суқути ҳавопаймои CRJ-200-ро, ки моҳи январи соли 2013 дар вилояти Алмато рух дод, ба охир расонид.

Ба иттилои тафтишот, сабаби асосии фоҷиа фаъолияти нодурусти сарнишинони ҳавопаймо дар шароити номусоиди боду ҳаво будааст. Дар хабари прокуратура омадааст, ки “дақиқаҳои охири парвоз, ҳангоме ки занги хатар аз наздикшавӣ ба замин хабар дод, сарнишини асосии ҳавопаймо идораи ҳавопайморо аз даст дода буд ва сарнишини дувум талош дошт бо фурудгоҳ тамос гирад”.

Таъқиби ҷиноятии сарнишинони ҳавопаймо “бино бар сабаби марги онҳо” қатъ шудааст. Феълан мудири хадамоти парвозҳои ширкати SCAN, ки ҳавопаймои суқуткарда ба ин ширкат тааллуқ дошт, ба ҷавогарӣ ҷалб шудааст.

Ҳавопаймои ширкати SCAT, ки 29 январи соли 2013 аз Коктеш ба Алмато парвоз мекард, дар наздикии фурудгоҳи Алмато сарнагун шуд. Дар натиҷа 16 мусофир ва 5 сарнишини ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG