Ссылки доступа

ИМА: фоидаи ДИ аз фурӯши нафт моҳе 40 миллион доллар аст


Намояндаи Вазорати молияи ИМА Адам Шубин дар донишкадаи Chatham House дар Лондон гуфт, ки ҷангиёни "Давлати исломӣ" аз фурӯши нафти қочоқӣ 500 миллион доллар фоида ба даст овардаанд.

Ба гуфтаи Шубин, бештаре аз ин маводи хомро худи ҳукумати Башор Асад харидорӣ кардааст.

Намояндаи Вазорати молияи ИМА ҳамчунин зикр кард, қисме аз ин нафт дар қаламрави таҳти назорати ДИ боқӣ мемонад. Қисмате аз он ба дасти курдҳои суриягӣ мерасад ва бахши андаки он ба Туркия интиқол меёбад. Вай ҳамзамон гуфт, ки фоидаи ДИ аз фурӯши нафт ҳар моҳ баробари 40 миллион доллар аст.

"ДИ бахши аслии нафтро ба режими Асад мефурӯшад. Онҳо талош доранд, ки ҳамдигарро нобуд кунанд, вале ҳамчунон дар тиҷорати бисёрмиллиондолларии нафт ҳамкорӣ мекунанд", - изҳор дошт Шубин.

Ба гуфтаи вай, пешгирӣ аз сармоягузории ҷангиён танҳо тавассути вайрон кардани зербиноҳо ва ҳамчунин бо бастани сарҳади Туркия имконпазир аст.

"Мо мехоҳем, ки Туркия дар ин масъала фаъолтар бошад. Ин танҳо масъалаи маҷрои пул нест, ин масъалаи ҷалби террористони хориҷӣ, аслиҳа ва сармоягузории ҷангиён аст", - гуфт Шубин.

Вай ҳамчунин зикр кард, ки ДИ ба ҷуз аз қочоқи нафт боз манбаҳои дигари пулӣ дорад. Аз ҷумла, ҷангиён баъд аз ғорати хазинаҳои бонкӣ дар Сурия ва Ироқ қариб 1 миллиард долларро соҳиб шудаанд.

XS
SM
MD
LG