Ссылки доступа

Русия ва Чин -- пешсафони фирори сармоя


Аз Русия ҳамасола ғайриқонунӣ қариб 105 миллиард доллар берун бурда мешавад, омадааст дар пажӯҳиши ҳамасолаи Global Financial Integrity бо номи "Берун овардани маблағҳо аз кишварҳои дар ҳоли рушд", навиштааст Настояшее Время.

Бештар аз ҳама маблағҳо аз Чин бароварда мешаванд. Аз ин кишвар ба ҳисоби миёна дар як сол қариб 140 миллиард доллар берун рафтааст.

Дар миёни 20 манбаи бузургтарини маҷрои маблағҳо аз Русия танҳо Чин пешсаф аст, ки аз ин кишвар 139,23 миллиард доллар дар як сол ва дар маҷмӯъ 1,39 триллион доллар берун бурда шудааст. Аз Мексика, ки дар ҷои севум қарор дорад, ҳамасола қариб 53 миллиард доллар бароварда мешудааст.

Дар ҳамин ҳол Русия пайваста дар "даҳгонаи" рӯйхати GFI пайдо мешавад. Ду даъфа Русия дар ин феҳраст ҷойи аввалро гирифтааст: дар соли 2008 (107,8 миллиард доллар) ва дар соли 2011 (183,5 миллиард доллар).

GFI – барномаи Маркази амрикоии сиёсати байналмиллалӣ (Center for International Policy) аст, ки масъалаи интиқолҳои фаромиллии маблағҳоро пажӯҳиш карда, роҳҳои пешгирии онро таҳия мекунад.

XS
SM
MD
LG