Ссылки доступа

Моҳигирони турк шарҳи «тирпарронӣ»-и Русияро рад карданд


Соҳиби киштии моҳигирии туркӣ ба CNN Turk гуфт, ки ба ҳангоми ҳодиса дар баҳри Эгей киштии туркӣ дар масофаи 2 километр дуртар аз киштии русӣ қарор дошт.

«Мо дар масири худ ҳаракат мекардем. Мо ҳатто намедонистем, ки ин киштии русӣ аст. Мо фикр доштем, ки ин киштии НАТО аст. Қариби соати 8:30 мо аз паҳлӯи он гузаштем. Мо садои тирпаррониеро нашунидем», - иқтибос овардааст нашрияи Hurriyet аз суханони капитани киштӣ, ки номаш Музаффар аст.

Қаблан вазорати мудофиаи Русия хабар дода буд, ки киштии назоратии русии «Сметливий» барои пешгирии садама бо киштии моҳигирии туркӣ дар баҳри Эгей ба сӯйи он аз аслиҳаи сабук тирпарронии ҳушдоркунанда кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, баъд аз чанд тир киштии туркӣ самти ҳаракати худро тағйир дод. Ҳарчанд аз осеби ин ҳодиса хабаре дода нашудааст, намояндаи низомии Туркия ба вазорати мудофиаи Русия даъват шудааст.

XS
SM
MD
LG